Роҳандозии пуйиши мардумии ширкат дар нақшаи ваксинатсия алайҳи бемори фалаҷи атфол
Пуйиши мардумии ваксинатсияи кӯдакон алайҳи фалаҷи атфол дар ноҳияи Мӯминободи Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар токунун дар ин пуиши мардумӣ 5659 нафар аз волидайн, кӯдакони худро алайҳи фалаҷи атфол ваксинатсия карданд.
Ба гуфтаи мудири маркази тандурустии ноҳияи Мӯминобод Зебуниссо Соҳибова, ин марказ тамоми имконоти беҳдоштиро барои ваксинатсияи кӯдакон дорад.
Ӯ афзуд: Ин нақша дар 7 маркази беҳдошти умумӣ ва 7 рустои ноҳия дар ҳоли иҷро аст.
Мудири маркази тандурустии ноҳияи Мӯминобод гуфт: Волидайне, ки кӯдакони онҳо солҳои 2016 то 2018 таваллуд шудаанд метавонанд дар ин пӯйиш барои ваксинатсияи фарзандони худ ширкат кунанд.
Бештар бихонед: