Ширкати муҷрии бозсозии роҳи Душанбе - Бохтар мушаххас мешавад
(last modified Mon, 01 Mar 2021 15:20:08 GMT )
Март 01, 2021 20:20 Asia/Dushanbe
  • Роҳи феълии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Бохтар ба ҷойи 2 хати кунунӣ 4 хаттӣ мешавад
    Роҳи феълии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Бохтар ба ҷойи 2 хати кунунӣ 4 хаттӣ мешавад

Ширкати муҷрии тарҳи тармиму бозсозии роҳи Душанбе то шаҳри Бохтар - маркази вилояти Хатлон ҳамин рӯзҳо аз тариқи баргузории тендер мушаххас мешавад.

Ба гузориши сомонаи "Авесто", бо интихоби ширкати муҷрии тарҳи бозсозии ин роҳ бо кумакҳои молии Ҷопон ва Бонки Рушди Осиё замина барои такмили раванди беҳсозии ин масири 98 километрӣ фароҳам хоҳад шуд.

Иҷрои тарҳи бозсозии масири шаҳри Душанбе то шаҳри Бохтар - маркази вилояти Хатлон зимни иртиқои тавони ҳамлунақли ҷодаӣ ва эҷоди иштиғол, метавонад ба коҳиши фақр дар ин минтақа низ кумак кунад, зеро ҳамарӯза дар ин масир беш аз 10 ҳазор мошин тараддуд мекунанд ва ин ҷода дар иртиботи заминии марказ ва ҷануби Тоҷикистон аҳамияти вижае дорад.

Ба таври ҳамзамон ин масир бахше аз барномаи беҳбуди кайфияти роҳҳои муҳими Осиё Марказӣ аст, ки то марзи Афғонистон дар ҷануби Тоҷикистон ва шарқи Узбакистон идома дорад.

Ба иҷрои ин тарҳ, роҳи феълии шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Бохтар ба ҷойи 2 хати кунунӣ 4 хатта мешавад ва заминаи рафту омади мошинҳои боркаш миёни ин кишвар бо Афғонистон ва Покистон низ фароҳам меояд.

Бонки Рушди Осиё барои иҷрои ин тарҳ 90 миллион доллар ва ҳукумати Ҷопон ҳам 31 миллион доллар ихтисос додааст.

 

Бештар бихонед: