Март 01, 2021 21:59 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир ва таъмини амнияти марзҳо - меҳварҳои дидори Э.Раҳмон ва М. Раҳмонӣ буд
    Мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир ва таъмини амнияти марзҳо - меҳварҳои дидори Э.Раҳмон ва М. Раҳмонӣ буд

Раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон, ки дар сафари расмӣ ба Душанбе сафар кардааст, бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор бар аҳамияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Афғонистон барои тақвияти равобити чандҷонибаи байни ду кишвар ҳамсоя таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳимояти ҳамаҷонибаи Душанбе аз ибтикороти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарории сулҳу субот ва тавсеаи иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон, ба таври вижа бар аҳамияти баргузории конфронси «Қалби Осиё - раванди Истанбул», ки раёсати онро бар уҳда дорад, таъкид кард.

Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор, ки дар фазои ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифт, дар мавриди ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории ду кишвар, ба вижа бо тавваҷуҳ ба ҳамагирии корона ва ҳамчунин дар мавриди мавзӯоти муҳими байналмилалӣ ва минтақаӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ду тараф ҳамчунин бар зарурати тақвияти мушорикати байни ду кишвар дар заминаи мубориза бо таҳдидоту чолишҳои муосир, ба вижа терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин таъмини амнияти марзҳо таъкид карданд.

Дар поёни ин дидор раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми Афғонистон сулҳ, оромиш, тавсеаи ҳамаҷониба ва рифоҳ орзӯ кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп