Март 01, 2021 22:16 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар се соли оянда як миллиарду 100 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷазб мекунад
    Тоҷикистон дар се соли оянда як миллиарду 100 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷазб мекунад

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз талош барои ҷазби 354 миллион доллар ба манзури сохти 11 корхонаи саноатӣ дар ин кишвар дар соли 2021 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», ин манобеи молӣ аз ҳисоби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ҷазб мешавад ва бо баҳрагирӣ аз он воҳидҳои ҷадиди тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, фароварии маҳсулоти кишоварзӣ ва маъдану филизот роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ин кишвар 70 тарҳ дар заминаҳои ҳамлу нақл, энержӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва омӯзишӣ бо харҷи 3,5 миллиард доллар дар ҳоли иҷро аст.

Вазорати молияи Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки қасд дорад дар се соли оянда барои рушди иқтисоди ин кишвар як миллиарду 100 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷазб кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп