Шарти ҷадиди Арабистон барои зиёрати Хонаи Худо ва сарнавишти зоирони тоҷик
Арабистони Саудӣ барои вуруди зоирони Хонаи Худо шарти ҷадиде гузоштааст, ки сарнавишти тоҷикони хоҳишманди ҳаҷро мубҳам кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Вазорати тандурустии Арабистон эълом кардааст, ки танҳо афроде барои анҷоми маросими ҳаҷ вориди ин кишвар хоҳанд шуд, ки ваксинаи корона зада бошанд.
Манобеи арабистонӣ гуфтаанд, ки маросими ҳаҷи имсол шояд дар моҳи июл оғоз гардад ва шарти вуруди зоирон доштани гувоҳиномаи тазриқи ваксинаи корона хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Комитети давлатии умури дин ва ҷашну маросими Тоҷикистон пештар рӯзи 31 марти 2021-ро ба унвони замони оғози пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон барои ба ҷо овардани ҳаҷи умра эълом карда буданд.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, қарор буд маносики ҳаҷи умра барои тоҷикҳо аз моҳи ноябри соли 2020 оғоз шавад, аммо ба далели густариши бемории Ковиди 19 дар Арабистон мақомоти ин кишвар аввал хостанд, ки эъзоми довталабон аз авохири моҳи январи соли 2021 шурӯъ шавад ва сипас эълом карданд, ки ба эҳтимоли зиёди эъзоми зоирон аз авохири моҳи марти 2021 оғоз хоҳад шуд.
Дар Тоҷикистон эълом шудааст, ки ба наздикӣ қарор аст ваксинаи корона вориди кишвар шавад, ки дар навбати нахуст ба кодри дармон, муаллимон, солмандону ақшори осебпазири ҷомеа тазриқ хоҳад шуд.
Бештар бихонед: