Қарзи хориҷии Тоҷикистон 15 дарсад беш аз тавлиди маҳсулоти саноатии кишвар
(last modified Wed, 03 Mar 2021 07:38:06 GMT )
Март 03, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар оғози соли 2021 ба 3,2 миллиард доллар расид
    Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар оғози соли 2021 ба 3,2 миллиард доллар расид

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки қарзи хориҷии кишвар 15 дарсад бештар аз тавлиди маҳсулоти саноатии он мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар аввалҳои соли 2021 ба 3 миллиарду 200 миллион доллар расидааст.

Ин мизони қарзи хориҷӣ баробар бо 43, 3 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон мебошад. 

Аммо бар асоси ин гузориш дар соли 2020 дар Тоҷикистон ба маблағи 30 миллиарду 8 миллион сомонӣ ( 2 миллиарду 700 миллион доллар ) маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст, ки барои ҳар як нафар аз ҷамъияти 9, 5 миллион нафарии ин кишвар 3 ҳазору 65 сомонӣ ( наздик ба 297 доллар -)ро ташкил мекунад. 

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 339 долларро ташкил медиҳад.
  
Дар ҳоли ҳозир қарзи Тоҷикистон ба Бонки содирот ва воридоти Чин як миллиарду 133 миллион доллар, ба Бонки Ҷаҳонӣ 338 миллион доллар, ба Бонки рушди Осиё 287 миллион доллар ва ба Бонки тавсеаи исломӣ 132 миллион доллар аст.

 

Бештар бихонед: