Парлумони Тоҷикистон тавофуқномаи кумаки ройгони Бонки Рушди Осиёро тасвиб кард
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созшномаи ихтисоси 105 миллион доллар кумаки молии ройгони Бонки Рушди Осиё барои бахши энержии ин кишварро тасвиб кард.
Ба гузориши сомонаи «Авесто», Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин созшнома ба Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки 70 миллион доллар аз ин кумаки молии ройгони Бонки Рушди Осиё барои пешгирӣ аз талаф ёфтани барқ истифода хоҳад шуд.
Ин барнома шомили харид ва насби 398 ҳазор дастгоҳи шуморишгар (ҳисобкунак)-и барқи ҳушманд низ мешавад.
Мақомоти ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯянд, ки насби контурҳои ҳушманди барқ дар вилояти Суғд ва бархе аз навоҳии марказии ин кишвар аз ҳадаррафти беш аз 19 дарсади барқ пешгирӣ мекунад.
Бар асоси муқаррарот, муштаракони барқ муваззаф ҳастанд, ки оғози ҳар моҳ пули барқи масрафии худро ба унвони пешпардохт ба ҳисоби ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» ворез кунанд ва интиқоли барқ ба хонаҳо фақат бо корти махсуси пардохти маблағи хадамот имконпазир хоҳад буд.
Агар муштаракон бамавқеъ ҳазинаи барқи масрафии худро напардозанд, дар муддати 10 то 15 рӯз барқи онон қатъ мешавад.
Бештар бихонед:
- Кумаки ройгони 237 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон
- Тоҷикистон то соли 2025 шуморишгарҳои ҳушманди барқро насб мекунад
- Ҳукумати Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои насби котурҳои ҳушманди барқ