Март 05, 2021 21:38 Asia/Dushanbe
  • Гуфта мешавад, коҳиши воридоти сӯхт ба Тоҷикистон сабаби болоравии қимати он шудааст
    Гуфта мешавад, коҳиши воридоти сӯхт ба Тоҷикистон сабаби болоравии қимати он шудааст

Қимати сӯхти дизелӣ ва бензин тайи шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, ки барои ронандагон ғайримунтазира буд.

Ба гузориши сомонаи «Спутник», қимати ҳар литр сӯхти дизелӣ ва бензин, ки 6 сомониву 60 дирам ба фурӯш мерасид, акнун ба 7 сомониву 80 дирам афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин ин шохис дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ба 8 сомониву 10 дирам расидааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар аввалҳои соли ҷорӣ нархи ҳар литр сӯхти дизелӣ ва бензин 5 сомониву 60 дирам таъйин шуда буд.

Теъдоде аз кормандони марокизи сӯхтгирӣ мегӯянд, ки дар ҳафтаҳои ахир воридоти сӯхт ба Тоҷикистон коҳиш ёфта ва ин омил боиси афзоиши қиматҳо шудааст.

Афзоиши нархи сӯхт ҳамзамон бо эъзоми нерӯи низомии Қирғизистон ба марзи муштарак бо Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯхт ба кишвари ҳамсоя, иттифоқ афтод.

Аз сӯйи дигар, Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳлои Абдуллоҳ, ду корманди бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», ки барои таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯхт ба яке аз марокизи сӯхтгирии шаҳри Душанбе рафта буданд, латукӯб шудаанд.

Гуфта мешавад, ки Юсуфӣ бояд ду ҳафта таҳти дармон бошад.

Кормандони маркази сӯхтгирӣ эълом кардаанд, ки бидуни иҷозаи мудирият ҳеч кас ҳаққи тасвирбардорӣ аз он марказро надорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп