Март 30, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 8 дарсадии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Тайи рӯзҳои ахири нархи навъҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ду ҳафта қабл ба таври миёнгин 6 то 8 дарсад, коҳиш ёфт.

Ба гузориши Тоҷвик,  нархи як литр гази моеъ, ки қаблан 7 сомонву 80 дирам буд, акнӯн ба 6 сомониву 80 дирам расидааст.

Ҳмачунин тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон нархи бензин коҳиш ёфта ва акнӯн барои ҳар як литр аз ин навъи сӯхт ба 11 сомониву 60 дирам пардохт мекунанд, ки ҳафтаи қабл 12 сомониву 20 дирам буд. Аммо қимат ҳар литр салярка бидуни тағйир боқимондааст, ки барои ҳар литри он бояд 12 сомониву 40 дирам пардохт кард.

Коршиносон иллати коҳиши нисбии қимати сӯхт дар Тоҷикистонро тақвияти арзиши рубли русӣ ва коҳиши қурби доллар унвон мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Бонки миллии Тоҷикистон нархи як доллар, ки ду рӯз қабл 13 сомониву 30 дирам муқараршуда буд, акнӯн ба 12 сомонӣ расидааст.

Гуфта мешавад, ки 86 дарсади сӯхти мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ва 90 дарсади гази моеъ ба ин кишвар, аз Қазоқистон ворид мегардад.

 

Барчасп