Март 06, 2021 12:00 Asia/Dushanbe
  • 80 дарсади таҷҳизоти сохти CASA-1000 аз кишварҳои аврупоӣ ворид шудааст
    80 дарсади таҷҳизоти сохти CASA-1000 аз кишварҳои аврупоӣ ворид шудааст

Корхонаҳои Тоҷикистон бахше аз таҷҳизоти мавриди ниёз барои сохти хати CASA-1000-ро дар дохили ин кишвар оғоз мекунанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин иқдом бо ҳадафи ҳимоят аз тавлидкунандагони дохилӣ ва эҷоди фурсатҳои ҷадиди шуғлӣ барои коргарони тоҷик бо кумаки кишварҳои аврупоӣ анҷом мегирад.

Ин таҷҳизот шомили қатаоти мавриди ниёз дар сохти хати CASA- 1000, аз ҷумла симчӯб, истгоҳҳои барқи фишори қавӣ ва сим ва кабел хоҳад буд, ки 80 дарсади он аз сӯи кишварҳои аврупоӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон сохти тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мавсӯм ба CASA-1000 дар охирҳои соли 2021 ба поён хоҳад расид.

Тоҷикистону Қирғизистон дар шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба панҷмиллиард киловатт/соат барқро бо хати CASA-1000 ба Афғонистону Покистон мунтақил кунанд.

Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 баҳрабардорӣ мешуд, ҳудӯди як миллиарддоллар баровард шудааст.

Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳ 314 миллиондоллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллиондоллар аст\.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп