Ҳукумати Тоҷикистон сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро мусаллаҳ мекунад
(last modified Sat, 06 Mar 2021 16:03:52 GMT )
Март 06, 2021 21:03 Asia/Dushanbe
  • Кормандони эҳтиётӣ ва шикорчиён дар минтақаи Шамсиддин Шоҳин ба марзбонон кумак мекунанд
    Кормандони эҳтиётӣ ва шикорчиён дар минтақаи Шамсиддин Шоҳин ба марзбонон кумак мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон аз сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар минтақаи Кӯлоб хостаанд, ки барои кумак ба марзбонон дар ҳифозат аз марз бо Афғонистон омода бошанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии  Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷи,  раиси ин ноҳия Почохон Зарифзода гуфтааст, ки ба далели афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон тасмим гирифта шуд, ки афроди захира ва шикорчиён ба нерӯҳои марзбонӣ барои ҳифозат аз марз кумак кунанд.

"Бо мувофиқаи мақомоти интизомӣ ва амнияти минтақа, ҳамаи ашхоси эҳтиётӣ ва шикорчиёни сабтиномшуда дар сурати ташаннуҷи авзоъ ва таҳдиди марзҳои Тоҷикистон мусаллаҳ хоҳанд шуд ва дар назди марзбонон барои дифоъ аз қаламрав ва амнияти кишвар хоҳанд истод. "   
 

Миёни ноҳияи Шамсиаддин Шоҳин ва Афғонистони минтақаи ҷангалӣ вуҷуд дорад,ки шохае аз руди Панҷ ба унвони марзи расмии ду кишвар дар он ҷорӣ аст ва дар гузашта борҳо аз ин минтақа ба унвони канали вуруди қочоқчиёни афғонӣ маводи мухаддир ба дохили Тоҷикистон истифода шудааст. 

Ахиран борҳо бар асари даргирӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гулӯлаҳо ва ракетҳо ба дохили қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистон исобат кардааст. 

Тоҷикистон бо Афғонистони наздик ба ҳазору 400 километр марзи муштарак дорад. 

 

Бештар бихонед: