Духтари ҷавони тоҷик муваффақ ба дарёфти гувоҳиномаи ронандагии трактор шуд
Духтари 23-солаи тоҷик шаҳодатномаи ронандаи тракторро гирифт.
Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо нақл аз Ховар, Омина Сафарова афзуд: "Картошка дар 60 гектар замини деҳаи Ҷиргатол, ноҳияи Лахш, ки дар он зиндагӣ мекунад, парвариш карда мешавад, аммо набудани трактор барои шудгор мушкилоти зиёдеро барои сокинони деҳа ба бор овардааст. "
Вай гуфт: "Аз сабаби набудани тракторҳо, сокинони деҳот маҷбур буданд, ки заминро барои парвариши зироатҳои гуногун бо асбобҳои кӯҳна ва бо кӯмаки якдигар омода кунанд, аз ин рӯ ӯ кори рондани тракторро интихоб кард, то ки ба дигарон кумак кунад."
Соли 2016 Омина Сафарова таҳсилашро дар соҳаи олоти кишоварзӣ дар Коллеҷи техникӣ оғоз кард ва пас аз як сол, онро ҳамчун муҳандиси техникии асбобҳои кишоварзӣ бо баҳои аъло хатм кард.
"Дар Тоҷикистон байни мардон ва занон дар интихоби кор фарқе нест, зеро занон низ инсон ҳастанд ва метавонанд дар ҳама соҳаҳои техникӣ кор кунанд" гуфт ӯ.
Вай афзуд: "Соҳаи фанние, ки ӯ онро хатм кардааст, аксаран мудирият ва нигоҳдории асбобҳои гуногуни кишоварзӣ аст ва рондани трактор шуғли мардона аст, аммо, бо вуҷуди ин, ин касб имрӯзҳо дар байни занон маъмултар шудааст."
Омина Саффорова гуфт: Аксари сокинони Лахш кишоварз ҳастанд.
Ӯ идома дод: Заминҳои ин минтақа ба далели обу ҳавои мусоид, барои кишоварзӣ бахусус кишти картошка бисёр муносиб аст.
Ин бонуи кишоварзи тоҷик гуфт: Ҳамроҳ бо модараш Чингигул Сафарова як гектар замини кишоварзӣ доранд, ки дар он картошка кишт мекунанд.
Бештар бихонед: