Ҳадяи 4 ҳазору 500 ҷилд китоби дарсӣ ба мактабҳои русизабони Тоҷикистон
Созмони ҳамкориҳои илмиву фарҳангии Русия чаҳор ҳазору 500 ҷилд китоби дарсӣ ба мактабҳои русизабони Тоҷикистон ҳадя кард.
Ба гузориши сомонаи РИА Новости, китобҳои ҳадяшуда дар мавзӯоти риёзӣ, химия, ҳандаса, физика, табиатшиносӣ ва достонӣ аст.
Мактабҳои русизабони Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи Созмони ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии Русия, мавсум ба «омӯзгорони рус дар хориҷ», ки дар шаҳрҳои Бохтар, Бӯстон, Ҳисор, Кӯлоб ва навоҳии Данғараву Спитамен иҷро мешавад, фаъолият мекунанд.
Аз сӯи дигар, бар асоси эъломи мақомоти ҳукумати Русия, сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон дар тобистони имсол оғоз хоҳад шуд, ки ҳукумати Русия ин мактабҳоро бо сармоягузории худ месозад ва ба имконоти омӯзишӣ, муаллим ва китоб таъмину таҷҳиз мекунад.
Бар асоси ин тавофуқ, муаллимони риштаҳои мухталиф барои дарс додан дар ин мактабҳо низ аз Русия фиристода хоҳанд шуд.
Аз соли 2017 наздик ба 60 муаллими эъзомӣ аз Русия дар мактабҳои русизабони Тоҷикистон машғул ба дарс додан ҳастанд.
Бештар бихонед:
- Шарти пазириши донишомӯзон дар мактабҳои русии Хуҷанд
- Оғози сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон аз тобистони оянда
- Сохти мактаби русизабон дар Бохтар