Ҳадяи 4 ҳазору 500 ҷилд китоби дарсӣ ба мактабҳои русизабони Тоҷикистон
(last modified Mon, 08 Mar 2021 16:20:11 GMT )
Март 08, 2021 21:20 Asia/Dushanbe
  • Китобҳои ҳадяшуда дар мавзӯоти риёзӣ, химия, физика, ҳандаса, табиатшиносӣ ва достонӣ аст
    Китобҳои ҳадяшуда дар мавзӯоти риёзӣ, химия, физика, ҳандаса, табиатшиносӣ ва достонӣ аст

Созмони ҳамкориҳои илмиву фарҳангии Русия чаҳор ҳазору 500 ҷилд китоби дарсӣ ба мактабҳои русизабони Тоҷикистон ҳадя кард.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, китобҳои ҳадяшуда дар мавзӯоти риёзӣ, химия, ҳандаса, физика, табиатшиносӣ ва достонӣ аст.

Мактабҳои русизабони Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи Созмони ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии Русия, мавсум ба «омӯзгорони рус дар хориҷ», ки дар шаҳрҳои Бохтар, Бӯстон, Ҳисор, Кӯлоб ва навоҳии Данғараву Спитамен иҷро мешавад, фаъолият мекунанд.

Аз сӯи дигар, бар асоси эъломи мақомоти ҳукумати Русия, сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон дар тобистони имсол оғоз хоҳад шуд, ки ҳукумати Русия ин мактабҳоро бо сармоягузории худ месозад ва ба имконоти омӯзишӣ, муаллим ва китоб таъмину таҷҳиз мекунад.

Бар асоси ин тавофуқ, муаллимони риштаҳои мухталиф барои дарс додан дар ин мактабҳо низ аз Русия фиристода хоҳанд шуд.

Аз соли 2017 наздик ба 60 муаллими эъзомӣ аз Русия дар мактабҳои русизабони Тоҷикистон машғул ба дарс додан ҳастанд.

 

Бештар бихонед: