Ваксинаи корона ба Тоҷикистон расид
(last modified Tue, 09 Mar 2021 08:51:41 GMT )
Март 09, 2021 13:51 Asia/Dushanbe
  • Пешбинӣ мешавад, ки Тоҷикистони 730 ҳазор воя(доз) ваксинаи корона дарёфт кунад
    Пешбинӣ мешавад, ки Тоҷикистони 730 ҳазор воя(доз) ваксинаи корона дарёфт кунад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз вурӯди нахустин маҳмӯлаи ваксинаи корона ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Пресса тҷ, Наврӯз Ҷаъфаров, мудири идораи мубориза бо бемориҳои вогирдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки мунтазири дастури ҳукумат барои тазриқи 192 ҳазор воя(доз) ваксинаи коронаи   “AstraZeneca” ҳастанд, ки шаби гузашта вориди ин кишвар шудааст.

Вай изофа кард, ки тарҳи тазриқи ин ваксина ба ҳукумати Тоҷикистон ироа шудааст ва ба зуди оғоз хоҳад шуд.

Қаблан мақомоти ин вазоратхона эълом карда буданд, ки дар марҳалаи аввали тазриқи ваксинаи корона кадри дармонӣ,  муаллимон ва афроди болои 50 сол дар авлавияти дарёфти ваксина ҳастанд ва як миллиону 800 ҳазор нафар алайҳи ин беморӣ эмансозӣ хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯ пешбинӣ мешавад, ки Тоҷикистони 730 ҳазор доз ваксинаи корона дарёфт кунад.

Гуфта мешавад, ки ваксинаи корона, ки ба унвони кумаки башардӯстона вориди Тоҷикистон мешавад ба сӯрати ройгон тазриқ хоҳад шуд.

Ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон 13 ҳазору 308 нафар дар ин кишвар ба вируси корона олӯда шуданд, ки аз ин теъдод 90 тан ҷон бохтанд  ва бақия дармон шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: