Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё дар бахши энержӣ
(last modified Tue, 09 Mar 2021 10:42:02 GMT )
Март 09, 2021 15:42 Asia/Dushanbe
  • Вазири энержии Тоҷикистон ва намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Душанбе тарҳҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ карданд
    Вазири энержии Тоҷикистон ва намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Душанбе тарҳҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ карданд

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи ҷадиди Бонки Рушди Осиё дар Душанбе бо якдигар дидор ва тарҳҳои ҳамкории Душанбе бо ин ниҳоди молии минтақаиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Далер Ҷумъа ва Шенни Кэмпбелл дар ин дидор дар бораи сармоягузории Бонки Рушди Осиё дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

Барқарории дубораи хутути интиқоли барқи Тоҷикистон бо Узбекистон дар чорчӯби шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ, ки давлати вақти Тошканд дар соли 2012 ба таври якҷониба онро қатъ кардааст, аз муҳимтарин меҳварҳои ин дидор буд, ки қарор шуд Бонки Рушди Осиё барои ин тарҳ 35 миллиондоллар ва ҳукумати Тоҷикистон 5 миллиондоллар ихтисос диҳанд.

Пешбинӣ мешавад, иҷрои дубораи ин тарҳ дар соли 2022 ба поён расад ва Тоҷикистон ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ муттасил шавад, ки дар ин сӯрат имкони муъовизаи барқ бо Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар фаслҳои тобистон ва зимистон фароҳам хоҳад шуд.

Иҷрои тарҳи низоми ҳӯшманди муҳосиботи барқи масрафӣ бо насби таҷҳизоти ҷадид, бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва афзоиши содироти барқи Тоҷикистон аз дигари мавзуоти нишасти вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ва намояндаи ҷадиди Бонки Рушди Осиё дар Дуушанбе буд.

БЕШТАР БИХОНЕД: