Эъломи замони оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон оғози моҳи шарифи Рамазонро ба эҳтимоли зиёд рӯзи 13 апрел донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки аз ҳамакнун раванди муҳосибаи рӯзҳои боқимондаи моҳи раҷаб ва моҳи шаъбон шурӯъ шуда ва ба эҳтимоли зиёд рӯзи 13 апрели 2021 оғози моҳи рамазон дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Вай таъкид кардааст, ки бо ҳамкории маркази нуҷумшиносии фарҳангистони улми Тоҷикистон замони дақиқи оғози моҳи мубораки Рамазон таъин хоҳад шуд ва Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар ин маврид итилоърасонӣ хоҳад кард.
Соли 2020 дар моҳи рамазон ба манзури ҳифзи саломатии мардум ва ҷилавгирӣ аз густариши корона дар Тоҷикистон, баргузории намозҳои панҷвақта, намози ҷумъа, таровеҳ дар масҷидҳо, ифтор ва дигар барномаҳои оммавӣ то беҳбудии вазъият беҳтар шуд.
Акнун ба далели гузориши нашудани мавориди бемории Ковиди 19 тайи ду моҳи ахир, масоҷиди Тоҷикистон барои баргузории намозҳои рӯзона ва ҷумъа боз аст ва аз мардум хоста шудааст, ки бо риояти қатъии тавсияҳои пизишкон ва иқдомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, худу наздиконашонро аз мубтало шудан ба бемории Ковиди 19 ҳифз кунанд.
Бештар бихонед: