Тасвиби тарҳи бозсозии марҳилаи дуввуми нерӯгоҳи Норак дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
(last modified Tue, 09 Mar 2021 17:24:36 GMT )
Март 09, 2021 22:24 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи Нораки Тоҷикистон пас аз 41 соли фаъолият ба бозсозии асосӣ ниёз дорад
    Нерӯгоҳи Нораки Тоҷикистон пас аз 41 соли фаъолият ба бозсозии асосӣ ниёз дорад

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи бозсозии таҷҳизоти марҳилаи дуввуми нерӯгоҳи барқии обии Норакро тасдиқ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Файзуллоҳи Машрабзода раиси кумитаи иқтисод ва молия дар Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин тарҳ гуфт, ки созишнома дар ин замина миёни ҳукумати Душанбе ва Анҷумани байналмилалии рушд дар моҳи декабри соли 2020 ба имзо расидааст.

Вай афзуд: "Дар марҳилаи нахуст бозсозии таҷҳизотии ин нерӯгоҳ, ки барои солҳои 2018 то 2023 таъин шуда таъвизи 3 турбин аз 9 турбин ва трансфарматорҳои афзоянда дар назар мебошад. Ба ин манзур Бонки ҷаҳонӣ 225 миллион доллар, Бонки сармоягузории зерсохти Осиё 60 миллион доллар ва Бонки рушди  Авруосиё 40 миллион доллар ихтисос додаанд."

Машрабзода ҳамчунин гуфт: "барои марҳилаи дуввуми бозсозии таҷҳизотии нерӯгоҳи Норак, ки таи солҳои 2024 то 2028 анҷом мешавад таъвизи 6 турбини боқимонда барномарезӣ шудааст ва ба ин манзур 148 миллион доллар ихтисос хоҳад ёфт, ки бахши умдаи он кумаки ройгон хоҳад буд"

Зарфияти тавлиди барқ дар нерӯгоҳи обии Норак дар соли 1988 ба 3 ҳазор мегават расонда шуд, аммо ин нерӯгоҳ ба далели кӯҳга ва фарсуда шудани таҷҳизоташ пас аз 41 сол фаолият, танҳо 2 ҳазору 600 мегават барқ тавлид мекунад ва ниёзи ба бозсозии асосии таҷҳизотӣ дорад.

Бештар бихонед: