Муфтии Тоҷикистон ба Самарқанд меравад
Муфтии Тоҷикистон ба ҳамроҳи ҳайате аз Шӯрои исломӣ ва кормандони Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими ин кишвар роҳии Узбакистон мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Саидмукаррам Абдулқодирзода ва ҳайати ҳамроҳи вай ба даъвати расмии ҳукумати Узбакистон барои ширкат ва суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалии "Мероси Имом Бухорӣ ва аҳамияти маърифатии он барои рӯзгори мо", ки дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд баргузор мешавад ба ин шаҳр сафар хоҳад кард.
Дар ин ҳамоиш, ки 15 март баргузор мешавад Соҳиб Назронӣ аз Афғонистон, Эрон, Русия ва кишварҳои арабӣ ширкат ва дидгоҳҳои худро дар бораи аҳамияти мероси Имом Бухорӣ баён хоҳанд кард.
Ҳамчунин ба далели густариши вируси корона шуморе аз коршиносон дар ин нишаст ба сурати иртиботи тасвирӣ сухкронӣ хоҳанд кард.
"Саҳиҳ Бухорӣ" яке аз машҳуртарин китобҳои Имом Бухорист, ки ба унвони манбаи муҳими аҳодиси Набавӣ ( с ) мавриди истифодаи уламои аҳли суннат қарор мегирад.
Бештар бихонед: