Март 11, 2021 22:19 Asia/Dushanbe
  • ба панҷ нафар аз фаъолони расонаии Тоҷикистон ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ эҳдо шуд
    ба панҷ нафар аз фаъолони расонаии Тоҷикистон ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ эҳдо шуд

Бо талоши Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳамоиши фаъолони матбӯотӣ баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон имсол дар ин маросим ба панҷ нафар аз фаъолони расонаии Тоҷикистон ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ эҳдо шуд . 

 Дар бахши радио ва телевизион Худоёри Валиев  ва Муҳаммадраҷаби Ҳанафия ҷоизаи Лоҳутиро касб карданд . 

•   Дар бахши матбӯот низ ҷоизаи Лоҳутӣ ба Ноилшоҳ Нуралиев, Ҳақназар Каримзода, Тағоймурод Нуралиев ва Абдулвоҳид Оев эҳдо шуд . 

 Ҳадаф аз эҳдои ҷоизаи Абулқосими Лоҳутӣ афзоиши сифати соҳаи рӯзноманигорӣ дар Тоҷикстон ва боло бурдани маҳоратҳои рӯзноманигорон аст. 

44 сол аст ин ҷоиза ба нависандагони бартари матбӯот ва радиову телевизиони Тоҷикистон эҳдо мешавад  

Абулқосим Лоҳутӣ, шоир, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии даврони Машрута дар Эрон буд, ки муваффақ шуд аз таъқиби ҳукумати Ризохон бигрезад ва ба Шӯравии собиқ паноҳ бибарад. Ӯ пас аз иқомат дар шӯравӣ муддате ба унвони раиси Иттифоқи нависандагони вақти Тоҷикистон фаъолият кардааст ва саҳми босазое дар тавсеаи матбуоти Тоҷикистон доштааст.

 

Бештар бихонед : 

Барчасп