Бензин дар Тоҷикистон боз ҳам гарон шуд
(last modified Fri, 12 Mar 2021 16:47:19 GMT )
Март 12, 2021 21:47 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон сӯхтро фақат аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад
    Тоҷикистон сӯхтро фақат аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад

Қимати як литр бензин дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ба 10 сомонӣ расидааст.

Ба гузориши сомонаи «Пресса ТҶ», дар ду шабонарӯзи ахир қимати як литр бензин дар пойтахти Тоҷикистон ва манотиқи атрофи он барои бори нахуст ба 10 сомонӣ расида ва ин дар ҳоле аст, ки ҳафтаи қабл ин шохис наздик ба 8 сомонӣ буд.

Ҳамчунин кормандони марокизи сӯхтгирӣ гуфтаанд, ки аслан бензини навъи 92 вуҷуд надорад.

Ронандагони васоил нақлиёт муътақиданд, ки гаронии бензин боиси афзоиши норозигии мусофирон мешавад ва мақомоти ширкатҳои ҳамлунақл низ мегӯянд, ки барои таъмиру нигаҳдории васоили нақлиёт маҷбур ҳастанд, ки қимати кирояҳоро афзоиш диҳанд.

Ду рӯз қабл низ мақомоти вилояти Суғд эълом карда буданд, ки ҳамакнун қимати ҳар литр сӯхти дизелӣ ва бензин аз 6 сомониву 60 дирам ба 8 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Пеш аз ин масъулони ширкатҳои воридкунандаи сӯхт далели афзоиши қиматҳоро коҳиши воридоти бензин аз Қазоқистон ном бурда буданд.

Тоҷикистон сӯхтро фақат аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад ва ин дар ҳоле аст, ки ҳукумати Қирғизистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи сӯхт аз ин кишвар ба Тоҷикистон, ба марз нерӯи низомӣ фиристодааст, ки ҳамин мавзуъ низ ба гуфтаи коршиносон боиси афзоиши бештари нархи сӯхт дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бар асоси омори расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2020 беш аз 430 ҳазор тон гази мойеъ, 250 ҳазор тон солярка ва 180 ҳазор тон бензин ба ин кишвар ворид шудааст.

 

Бештар бихонед: