Март 13, 2021 20:03 Asia/Dushanbe
  • Манобеъи додситонии вилояти Хатлон аз боздошти сардори шӯъбаи пулиси ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо қочоқчиён хабар медиҳанд
    Манобеъи додситонии вилояти Хатлон аз боздошти сардори шӯъбаи пулиси ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо қочоқчиён хабар медиҳанд

Раиси идораи полиси ноҳияи марзии Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар қочоқи тилло ва доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон боздошт шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, манобеи додситонии вилояти Хатлон бидуни ифшои номи хеш гуфтаанд, ки ба дастури додситонии кулли Тоҷикистон Неъматуллоҳи Солеҳзода ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо қочоқчиёни афғонистонӣ барои интиқоли 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар боздошт шуда ва дар боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Фирдавсии шаҳри душанбе нигаҳдорӣ мешавад. 

Солеҳзода январи соли 2020 ба самти раиси идораи полиси ноҳияи Ҷайҳун мансуб шуда буд, ки гузаргоҳи марзии Панҷи поён дар қаламрави он фаъолият мекунад. 

То ба ҳоли мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин маврид расман ибрози назар накардаанд. 

10 рӯз қабл манобеи достонии кулли Тоҷикистон аз қочоқи ҳазору 200 килограмм тилло ва 112 миллион доллар ваҷҳи нақд аз 4 сентябр то 14 ноябри соли 2020 ба Дубай хабар дода буданд.

Ин манобеъ гуфтаанд, ки пас аз боздошти 9 нафар аз ҷумла ду табаъаи Афғонистон ба иттиҳоми талош барои интиқоли 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар аз фурӯдгоҳи Душанбе ба Дубай ин афрод ба қочоқи ҳазору 200 килограмм тилло ва 12 миллион доллар дар ин давраи се моҳа низ эътироф кардаанд. 

Гуфта мешавад, ки аз миёни 9 муттаҳами боздоштшуда, се нафар корманди гумруки фурӯдгоҳи Душанбе будаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп