Март 15, 2021 11:46 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳоли ҳозир ҳаракат кардани мошинҳои боркаш дар масири Душанбе-Хуҷанд ғайриимкон аст
    Дар ҳоли ҳозир ҳаракат кардани мошинҳои боркаш дар масири Душанбе-Хуҷанд ғайриимкон аст

Роҳи Душанбе ба Хуҷанд, ки асари фаромадани тарма баста шуда буд, барои ҳаракати мошинҳои сабукрав бозкушоӣ шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс,  маркази матбуотии ширкати роҳдории ин минтақа эълом кардааст, ки рӯзҳои ахир дар километри 62 ва 87-и роҳи Душанбе ба Хуҷанд дар 20 макон фаромадани тарма рух дод, ки мӯҷиби баста шудани ин масир шуд. 

Сарфи назар аз он, ки дар баъзе минтақаҳо баландии тарма ба 10 метр ва дарозии он ба 500 метр расидааст, аммо ронандагон тавонистанд хатсайрҳои ҳаракати мошинҳои сабукравро боз кунанд.

 Айни замон дар ин роҳ ҳаракат кардани мошинҳои боркаш ғайриимкон аст.

Ин ширкат таъкид кардааст, ки дар ин масири имкони резиши санг ба ҳамроҳи тарма вуҷуд дорад ва ронандагони мошинҳои сабукра бояд муроқиби авзоъ бошанд. 

Қаблан мақомоти ин ширкат аз баста шудан танҳо роҳи иртиботии марказ ва шимоли Тоҷикистон ба далели фаромадани тарма ба муддати 16 соат хабар дода буданд. 

Онон аз мардум хостаанд, ки аз сафарҳои ғайризарурӣ дар масири Душанбе ба Хуҷанд худдорӣ кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп