Барномаи Тоҷикистон барои афзоиши содироти семент
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки қасд дорад дар соли 2023 содироти сементро ба як миллиону 900 ҳазор тон бирасонад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом карда, ки қарор аст тавлиди семент дар ин кишвар дар соли 2023 ба 5 миллиону 300 ҳазор тон бирасад, ки аз ин мизон як миллиону 900 ҳазор тони он содир хоҳад шуд.
Дар соли 2019 як миллиону 500 ҳазор тон семент ба арзиши 68 миллион доллар ба хориҷ аз Тоҷикистон содир шуд.
Аммо дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона як миллиону 300 ҳазор тон семент ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд.
Дар Тоҷҷикистон 16 ширкат бо зарфияти тавлиди 4 миллиону 700 ҳазор тон семент фаъол аст, ки ҳамаи онҳо бо мушорикати моливу фаннии кишвари Чин дар даҳаи ахир сохта шудааст.
Тавлиди семент дар Тоҷикистон дар соли 2020 ба 4 миллиону 200 ҳазор тон расид .
Бештар бихонед:
- Тавлиди наздик ба 4 миллион тон семент дар Тоҷикистон
- Содироти наздик ба як миллион тон семент аз Тоҷикистон
- Тавлиди ҳудуди се миллион тон семент дар Тоҷикистон