Тоҷикистон ва Қазоқистон равобити тиҷориро густариш медиҳанд
(last modified Mon, 15 Mar 2021 17:19:31 GMT )
Март 15, 2021 22:19 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон 90 ширкат бо сармоягузории Қазоқистон фаъолият мекунад
    Дар Тоҷикистон 90 ширкат бо сармоягузории Қазоқистон фаъолият мекунад

Коргурӯҳи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе мавзӯи роҳҳои густариши равобити тиҷории ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи «ТоҷВик», дар ин нишаст, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон баргузор шуд, дар бораи афзоиши муомилоти тиҷорӣ, воридоту содироти маҳсулоти мавриди ниёзи ду кишвар ва сармоягузории муштарак баҳсу табодули назар шуд.

Роман Скляр, муовини нахуствазири Қазоқистон ҳам барои ширкат дар шонздаҳумин нишасти камиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ бо Тоҷикистон, ба Душанбе меояд.

Ин нишаст 17 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Ғайрат Турабоев, муовини вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон, дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона муомилоти тиҷории ду кишвар ба 909 миллион доллар коҳиш ёфтааст, ки дар муқоиса бо соли қабл 5 дарсад коҳиш нишон медиҳад.

Қазоқистон ба Тоҷикистон орду гандум, гази мойеъ ва масолеҳи сохтмонӣ содир ва аз Тоҷикистон низ алюминий, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон 90 ширкат бо сармоягузории Қазоқистон фаъол аст.

 

Бештар бихонед: