Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон: Доллар аз муомилоти Эрону Русия ҳазф шудааст
(last modified 2024-07-13T12:47:27+00:00 )
Июл 13, 2024 17:47 Asia/Dushanbe

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, ҳамаи муомилот байни Эрону Русия бидуни истифода аз доллар анҷом мешавад.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Russia Today” бо ишора ба равобити амиқи ду кишвари Эрону Русия афзуд, ду кишвар барои муқобила ба якҷонибагароии Амрико муомилоти дуҷонибаро бидуни истифода аз доллар анҷом медиҳанд.

Вай гуфт, Эрону Русия манофеи муштарак ва ҳамчунин душманони муштарак доранд, зимни инки ду кишвар тавофуқи баландмуддат ва ҷомеъ барои ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталифи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва дифоӣ тарсим кардаанд.

Қолибоф ҳамчунин БРИКС-ро фурсати бисёр муҳимме барои ду кишвари Эрону Русия барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба донист.

Даҳумин Маҷмаъи порлумонии БРИКС рӯзи панҷшанбе бо ҳузури раисони маҷолиси кишварҳои узв, аз ҷумла Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Гуруҳи байналмилалии БРИКС муташаккил аз панҷ қудрати навзуҳӯри иқтисодии Бразилия, Русия, Чин, Ҳинд ва Африқои Ҷанубӣ аст, ки ба воситаи доро будани беш аз 30 дарсад аз масоҳати кураи замин, ниме аз ҷамъияти ҷаҳон ва беш аз 30 дарсад аз қудрати иқтисодии ҷаҳонӣ аз зарфияти болое барои таъсиргузорӣ бар иқтисоди дунё ва аҳаммияти бисёре дар ҳавзаи ҳамкориҳои фароминтақаӣ бархӯрдор аст.

Аз январи соли 2024 шаш кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Аргентина, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Эфиопия ва Миср ба узвияти комили гуруҳи БРИКС даромаданд.

 

Барчасп