Бозсозии нақби “Истиқлол”-и Эрон ва Тоҷикистон то моҳи сентябри имсол
(last modified Tue, 16 Mar 2021 07:22:45 GMT )
Март 16, 2021 12:22 Asia/Dushanbe
  • Поёни бозсозии нақби Истиқлол дар авлавияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон қарор гирифт
    Поёни бозсозии нақби Истиқлол дар авлавияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон қарор гирифт

Тоҷикистону Эрон бозсозии нақби “Истиқлол”, тарҳи муштараки ду кишварро то 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар нуҳуми сентябри имсол таъйид карданд.

Ба гузориши сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, нақби “Истиқлол” бо кумаки 31 миллиондолларии Эрон, ки 10 миллиондоллари он ройгон аст ва саҳми 7 миллиону 800 ҳазор долларии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳиммати ширкати эронии “Собир” сохта шуд, вале акнӯн ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.

Аъзоии Гурӯҳи дӯстии порлумонии Тоҷикистону Эрон дар нишасте, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд бар зарурати поёни бозсозии нақби “Истиқлол” ба унвони тарҳи муштараки Эрону Тоҷикистон то нуҳуми сентябри имсол ба унвони авлавияти ҳамкориҳои ду кишвав таъкид карданд.

Акнӯн тарҳи насби сомонаҳои равшаноӣ, оташнишонӣ ва таҳвияи ҳавои дохили ин тунел дар ҳоли иҷро аст.

Ин тунел бо тӯли 5 ҳазору 200 метр дар 80 километрии шимоли  шаҳри Душанбе сохта шудааст ва заминаи иртиботи ҷодаӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистонро дар тамомии фаслҳои сол таъмин мекунад.

Дар ин иртиботи тасвирӣ, тарафҳо густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, порлумонӣ ва энержии бештари ду кишварро хостор шуданд.

Бештар бихонед:

Қарордоди такмили нақби “Истиқлол” байни Эрону Тоҷикистон имзо шуд