Коршиноси рус: Камбуди бензин дар Тоҷикистон муваққатӣ аст
Муовини Маркази мустақили пажӯҳишҳои умури сӯхт дар Русия муътақид аст, ки буҳрони камбуди бензин дар Тоҷикистон муваққатӣ аст ва дар ояндаи наздик бартараф мешавад.
Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Дмитрий Гусев далели аслии буҳрони камбуди бензин дар Тоҷикистонро маҳдуд шудани содирот аз кишварҳои тавлидкунандаи ин навъи сӯхт, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон медонад.
Вай изофа кард: Ба далели пойин будани қимати нафти хом полоишгоҳҳои Русия ва Қазоқистон дучори хисороти молӣ шудаанд, ки хароҷоти фароварии нафти хомро ҷуброн намекунад. Аз ин рӯ, тасмим ба коҳиши полоиш гирифтаанд, ки ин масъала боиси афзоиши қимати бензин мешавад.
Ин коршиност рус набуди созшномаҳои бисёрсола ва баландмуддати воридоти бензин миёни Тоҷикистон бо ду кишвари Русия ва Қазоқистонро аз дигар мушкилоти ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини бензини арзон донист.
Дар Тоҷикистон акнун бо ин ки қимати як литр бензин дар манотиқи мухталифи ин кишвар аз 9 сомонӣ фаротар рафтааст, марказҳои сӯхтгирӣ танҳо саҳмияи 20 литриро барои ҳар мошин дар назар гирифтаанд.
Дар айни ҳол масъулони Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳам далели аслии афзоиши қимати бензин ва сӯхти дизелиро коҳиши воридот аз Қазоқистон медонанд ва муътақиданд, ин масъала боис шудааст, ки аз оғози имсол қимати ин ду навъи сӯхт 23 дарсад боло равад.
Имсол ҳамчунин коҳиши воридоти гази мойеъ аз Қазоқистон қимати онро 13 дарсад афзоиш дод.
Бештар бихонед:
- Иллати гарон шудани сӯхти дизелӣ ва бензин дар Тоҷикистон
- Қимати солярка ва бензин дар Тоҷикистон ҳамчунон боло меравад
- Афзоиши нархи бензин ва сӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон