Март 16, 2021 22:16 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ андозҳои вазнинро монеаи муҳим дар фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон мешуморад
    Бонки Ҷаҳонӣ андозҳои вазнинро монеаи муҳим дар фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон мешуморад

Дар дидори муовини вазири молияи Тоҷикистон бо намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе қонуни ҷадиди молиёти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар дидори Каримгул Муҳаммадзода  ва Ян Питер Алтерз, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ва мақомоти андози Тоҷикистон барои баррасии қонуни нави андоз, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи технологияҳои нав ва аниқ кардани пардохтҳои андоз мулоқот мекунанд. 

 Қаблан намояндаи доими Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе яке аз мавонеъи фаъолияти бахши хусусиро таҳқиқу тафаҳҳуси беш аз андозаи ниҳодҳои назоратӣ дар Тоҷикистон унвон карда буд, ки мӯҷиби бемайлии фаъолони иқтисодии ин кишвар мешавад. 

Ин дар ҳолест, ки ба тозагӣ Вазорати молияи Тоҷикистон тарҳи қонуни ҷадиди молиётро барои баррасӣ мунташир карда, ки дар муқоиса бо қонуни қаблии молиёти Тоҷикистон анвоъи молиёти давлатӣ дар он аз 8 навъ ба 6 навъ коҳиш ёфтааст.

Ин молиётҳо шомили молиёт бар ҳуқуқу дастмузд, молиёт бар арзиши афзуда, молиёти иҷтимоӣ, молиёт бар манобеи табиӣ, молиёт бар фарш ва олуминиюм ва молиёти маҳаллист. 

Ҳамчунин дар тарҳи қонуни ҷадиди молиёти Тоҷикистон коҳиши молиёт бар арзиши афзуда аз 18 дарсади феълӣ ба 15 дарсади мавриди тавваҷӯҳ қарор гирифтааст, ки шомили афроде мешавад, ки фаъолияти иқтисодии онон ғайринақдист ва барои фаъолиятҳои нақдӣ мизони молиёт бар арзиши афзудаи 18 дарсади қаблӣ боқӣ хоҳад монд.

 

Бештар бихонед: 

Барчасп