Оғози таътилоти Наврӯз аз 21 март дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i63944-Оғози_таътилоти_Наврӯз_аз_21_март_дар_Тоҷикистон
Таътилоти наврӯзии донишомӯзони Тоҷикистон аз 21 март оғоз мешавад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 18, 2021 19:28 Asia/Dushanbe
  • Раиси шуъбаи мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илм гуфт : Таътилоти баҳорӣ фақат барои донишомӯзон аст.
    Раиси шуъбаи мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илм гуфт : Таътилоти баҳорӣ фақат барои донишомӯзон аст.

Таътилоти наврӯзии донишомӯзони Тоҷикистон аз 21 март оғоз мешавад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таътилоти наврӯзӣ то 31 март идома дорад.

    Раиси шуъбаи мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илм гуфт : Таътилоти баҳорӣ фақат барои донишомӯзон аст.  У гуфт дар ин муддат муаллимон бояд бо ташкили ҷаласоти муштарак бо волидайн вазъияти таҳсилии донишомӯзонро баррасӣ кунанд.

   Азимиддин Бобозода афзуд: Ҳамчунин ҷузваҳое ҳам барои мутолиаи донишомӯзон дар таътилоти Наврӯз таҳия шудааст.

Бобозода гуфт : Дар ин муддат донишомӯзон бояд тавоноии илмии худро барои ширкат дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст " афзоиш диҳанд.

   Раиси гурӯҳи мактабҳои миёнаи вазорати маорифу илм афзуд : Волидайн метавонанд фарзандони худро дар таътилоти Наврӯз ройгон дар бошгоҳҳои варзишӣ сабти ном кунанд.

 

   Бештар бихонед :