Эъломи омодагии як ширкати русӣ барои ҳамкорӣ дар такмили нерӯгоҳи Роғун
Ширкати русии "Силовые машины" барои мушорикат дар такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун эълом омодагӣ кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Евгений Коринков- намояндаи тиҷории Федерасиюни Русия дар Тоҷикистон гуфт : Дар сурати таъмини молии тарҳ,ин ширкат омодааст барои сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун зимни таъмини турбинҳо ва генераторҳо корҳои сохту монтажро низ бар ӯҳда гирад .
Коринков афзуд : Ширкатҳои русӣ ва тавлидкунандагони таҷҳизоти энержӣ алоқаманд ҳастанд дар иҷрои тарҳҳои ҷадиди сохту соз ва навсозии нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Тоҷикистон мушорикат ва ҳамкориҳоро бо тарафи тоҷик афзоиш диҳанд .
Намояндаи тиҷории Федерасиюни Русия дар Тоҷикистон изофа кард : Кишвараш ҳамчунин барои фуруши ҳазор вагони борӣ ва сад вагони мусофирӣ ба роҳи оҳани Тоҷикистон ва таҷҳизоту абзорҳои лозим барои нигаҳдории онҳо дар ҳоли музокира бо мақомоти Душанбе аст .
Коринков ҳамчунин аз музокирот дар заминаи эҷоди як ширкати муштарак барои роҳандозии коргоҳи сайёри таъмири автомобилҳои русии модели « Пром авто » дар минтақаи озоди иқтисодии « Панҷ » хабар дод ва изҳор кард : Иҷрои ин тарҳ метавонад 15 миллион доллар ба иқтисоди Тоҷикистон ворид кунад .
Намояндаи тиҷории Федерасиюни Русия ҳамчунин бар омодагии ширкатҳои русӣ барои ҳамкорӣ бо Душанбе дар заминаи тавлиди таҷҳизоту мошинолоти кишоварзӣ ва навсозии таҷҳизоти найлиёти ҳавоӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон таъкид кард .
Бештар бихонед :
-
Ихтисоси 290 миллиондоллар барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун дар соли ҷорӣ
-
Тавлиди 1 миллиарду 287 миллион киловатт/соат барқ дар нерӯгоҳи Роғун
-
Эмомалӣ Раҳмон хостори мушорикати молии Қатар дар сохти нерӯгоҳи Роғун шуд