Роҳкори коҳиши қиматҳо аз нигоҳи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи кор дар ширкати кишоварзии Қосимовҳоро улгӯ барои дигар кишоварзон донист
Эмомалӣ Раҳмон дар сафараш ба шаҳри Бохтар, аз равиши пойин овардани қиматҳо дар бозор суҳбат кард.
Ба гузориши «Спутник», раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми боздид аз ширкати кишоварзии хонаводаи Қосимовҳо дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз нарху наво дар бозор низ суҳбат кард.
Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз ҷараёни парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гулхонаҳои Фурқат Қосимов боздид кард ва бо заҳамоти ин хонавода ошно шуд, ҳамзамон таҷрибаи кор дар ин ширкати кишоварзиро улгӯ барои дигар кишоварзон донист.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд: Агар ҳар як хонаводаи тоҷик мисли Қосимовҳо заҳмат кашанд ва дар як сол чанд бор ҳосил бигирад, ҳам бозори истеъмолӣ фаровон мешавад ва ҳам қимат дар бозорҳо пойин хоҳад омад.
Маврид ба зикр аст, ки хонаводаи Қосимовҳо дар 14 садяк замин 3 гулхона бунёд кардаанд ва дар як сол ду то се бор ҳосил мегирад. Дар ин гулхонаҳо гуҷафарангӣ, хиёр, филфилдулмаӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ парвариш меёбад.
Фурқат Қосимов зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳомн гуфт, аз гулхонаҳояш 2-3 маротиба ҳосил мерӯёнад ва аз ҳисоби фурӯши ҳосили замин ҳар сол аз 90 то 100 ҳазор сомонӣ суд ба даст меорад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҳузураш дар манзили Қосимовҳо, ба онон ҳадяҳое эъто кард, ки шомили 200 номгӯй асар ва китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров аст.
Суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи танзими қимати бозор дар ҳоле аст, ки ахиран нархи молу коло дар бозорҳо рӯ ба афзоиш аст.
Бештар бихонед:
- Эҳтимоли афзоиши қимати гази мойеъ дар Тоҷикистон
- Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон бо оғози соли нав
- Гаронии қимати тухми мурғ дар Тоҷикистон ба Парлумон ҳам кашида шуд