Умедвориҳо ба бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба Русия
(last modified Thu, 25 Mar 2021 16:31:23 GMT )
Март 25, 2021 21:31 Asia/Dushanbe
  • Иҷозаи вуруди донишҷӯёни тоҷик комилан бастагӣ ба тасмими Хадамоти ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандаи Русия дорад
    Иҷозаи вуруди донишҷӯёни тоҷик комилан бастагӣ ба тасмими Хадамоти ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандаи Русия дорад

Масъулон ва коршиносони бахши маорифи Русия изҳори умедворӣ карданд, ки вурӯди донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ба Русия имконпазир шавад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, коршиносони Вазорати маорифи Русия изҳор доштанд, ки пас аз боздиди ҳайати пизишкии Русия аз Тоҷикистон, умед аст, ки вурӯди донишҷӯёни тоҷик ба қаламрави ин кишвар имконпазир гардад.

Аммо дар ҳамин ҳол, онҳо муътақиданд, ки иҷозаи вурӯди донишҷӯёни тоҷик комилан бастагӣ ба тасмими Хадамоти федаралии назорат бар ҳуқуқи масрафкунандаи Русия дорад.

Дар ҷараёни нишасти Вазорати маорифи Русия хабарнигорон аз масъулони ин ниҳод суол карданд, ки оё тасмими Хадамоти федаралии назорат бар ҳуқуқи масрафкунандаи Русия ба ин қазия равшан аст ё хайр. Дар посух Игор Бурулко, яке аз масъулони Вазорати маорифи Русия гуфт, ки тасмими Хадамоти федаралии назорат бар ҳуқуқи масрафкунандаи Русия барои онҳо ҳанӯз эълом нашудааст, аммо онҳо умедворанд, ки посух мусбат хоҳад буд.    

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулони омӯзиш ва парвариши Русия, дар сурати мусбат будани посухи Хадамоти федаралии назорат бар ҳуқуқи масрафкунандаи Русия, мушкилоти фаровоне барои пазириши донишҷӯёни хориҷӣ вуҷуд дорад, ки бояд ҳаллу фасл шавад.  

Аз дидгоҳи Игор Бурулко, огоҳ кардани донишгоҳҳо, пешниҳоди мадорик, вуруди донишҷӯён, хариди билет ва ....аз ҷумлаи мушкилотест, ки бояд аз қабл ҳамоҳанг ва ҳаллу фасл шавад.   

Барои ҳалли ин мушкилот ва додани иҷозаи вуруд ба Русия барои донишҷӯёни тоҷик бояд ниҳодҳое назири Ожонси федерали ҳавопаймоӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, марзбонон, Вазорати нақлиёт ва Вазорати тандурустӣ фаъолиятҳояшонро бо ҳам ҳамоҳанг кунанд.

Дар пайи густариши вируси корона давлати Русия вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба ин кишварро мамнуъ кард. 

Ахиран мақомоти рус барои донишҷӯёни 25 кишвар муҷаввизи вуруд ба Русияро содир карданд, ки дар миёни онҳо номи Тоҷикистон набуд. 

Русия судури муҷаввизи вуруди донишҷӯёни тоҷик ба ин кишварро ба натоиҷи сафари ҳайати бозрасии русӣ машрут кардааст, ки барои ростиозмоии шароити коронаӣ дар Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кардаанд.

 

Бештар бихонед: