Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз авзои касбу кор дар вилояти Хатлон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз авзои касбу кор дар вилояти Хатлон ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо мақомоту фаъолони иқтисодии вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар соли 2020 дар маҷмӯи 129 ҳазору 800 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин минтақа барои кор ба хориҷ рафтаанд, ки рақами бисёр каме аст.
Вай афзуд: дар соли 2020 дар вилояти Хатлон 77 корхона ва воҳидҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ баста шуданд ва дар 27 маркази истеҳсолӣ ягон маҳсулот истеҳсол нашудааст. Инчунин, аз 56 ҳазор тонна риштаи пахтаи дар ин минтақа истеҳсолшуда танҳо 14 ҳазор тонна дар корхонаҳои дохилӣ фароварӣ шудааст.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони афзуд: Бо вуҷуди эҷоди иштиғоли муваққат ва доим барои 73 ҳазор нафар дар соли 2020 дар вилояти Хатлон 31 ҳазор фурсати шуғлӣ низ аз даст рафтааст, ки ҷои нигаронӣ дорад.
Ба гуфтаи вай дар соли 2021 кишоварзони тоҷик аз пардохти молиёт бобати истифода аз замин муъоф шудаанд, ки ин иқдом метавонад барои рушди тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақа, ки аз зарфиятҳои болоии содиротӣ низ бархӯрдор аст муассир бошад.
Бештар бихонед: