Муаррифии бартарин осори ҷашнвораи филми "Дидор" дар Душанбе
Ҷашнвораи байналмилалии филми "Дидор" дар Тоҷикистон бо муаррифии осори бартар ба поён расид.
Дар ин ҷашнвора ҷоизаи муассисаи "Ҷомеаи кушод" бо унвони "Ҷавонӣ ва кӯшиш барои расидан ба камол" ба филми эронии "Муроқибат аз Юнус", асари Қасидаи Гулмаконӣ ихтисос ёфт.
Ҳамчунин шоҳҷоизаи ҷашнвораи филми "Дидор" таҳти унвони "Чанд метри мукааб ишқ", маҳсули муштараки Эрон ва Афғонистон ба коргардони афғон Ҷамшеди Маҳмудӣ тақдим шуд. Беҳтарин филми кӯтоҳметраж филми "Ҳар кадом"-и коргардони рус Николай Котяш "Мушкилкушо" беҳтарин филми тоҷикӣ, асари коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов эътироф гаштааст.
Филми "Васияти падар"-и коргардонҳои қирғиз Бахит Микул ва Достон Ҷапарнул соҳиби ҷоизаи мунтақидони синамо шуд.
Ҳайати доварони ин ҷашнвора ҳам ҷоизаи вижаи худро ба филми "Ҷашни бузург" ба коргардон Вага Георгиянс аз Арманистон эҳдо кард.
Ҳамкорамон Ҳумани Обидӣ аз Душанбе гузориш медиҳад: