Март 28, 2021 09:59 Asia/Dushanbe
  • Аввалин парвоз байни Душанбе ва Маскав пас аз корона рӯзи 2 апрел сурат мегирад
    Аввалин парвоз байни Душанбе ва Маскав пас аз корона рӯзи 2 апрел сурат мегирад

Раиси Агентии авиатсонии граждании Тоҷикистон гуфт, ки нархи чипта барои ҳар як мусофири хатсайри Душанбе-Маскав ва баръакс набояд аз 500 доллар зиёд бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи  Тоҷ Вик, Икром Субҳонзода гуфтааст, ки нахустин парвоз ҳафтае миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Русияро ширкати ҳавопаймоии русии ЮТейр ( UT Air)-и Русия дар рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ анҷом хоҳад дод. 

Ин ширкат рӯзҳои ҷумъа ҳар ҳафта як парвози рафту баргашт миёни Маскав ва Душанбе анҷом медиҳад. Ҳамчунин ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйри Тоҷикистон рӯзҳои душанбе ҳар ҳафта дар ин ммасир мусофиронро мунтақил хоҳад кард. 

Ба гуфтаи вай дар оянда бо тавофуқи дуҷониба миёни вазоратхонаҳои ҳамлу нақли Русия ва Тоҷикистон ва мадди назар қарор додани шароити коронаӣ дар бораи афзоиши парвозҳои ҳафтаии муназзам миёни ин ду кишвар тасмимгирӣ хоҳад шуд. 

 Аммо шарти парвози мусофирони Тоҷикистон ба Русия илзомӣ будани доштани гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковид 19 аст, ки бояд 72 соат қабл аз парвоз дарёфт шавад. 

 Мутобиқ бо тасмими ситоди амалиётии муқобила бо вируси корона Федератсияи Русия, ин кишвар аз аввали апрел иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Узбекистон ва теъдоди дигар аз кишварҳои ҷаҳонро азсар мегирад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп