Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон
(last modified Sun, 28 Mar 2021 16:02:01 GMT )
Март 28, 2021 21:02 Asia/Dushanbe
  • Шералӣ Кабир бо мақомоти қазоқ дар бораи роҳандозии хати тавлиди камаз, мошини сабукрави КИА ва тракторҳо ройзанӣ кард
    Шералӣ Кабир бо мақомоти қазоқ дар бораи роҳандозии хати тавлиди камаз, мошини сабукрави КИА ва тракторҳо ройзанӣ кард

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар сафар ба Қазоқистон дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ ва саноатӣ бо мақомоти ин кишвар ройзанӣ кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дар дидори Шералӣ Кабир бо Бейбут Отамқулов, ҳамтои қазоқистонии вай роҷеъ ба имкони роҳандозии хати тавлиди мошинҳои сохти Қазоқистон дар Тоҷикистон ва афзоиши воридоти гандум ва маводи хоми алюминий баҳсу табодули назар шуд.

Вай ҳамчунин бо сафар ба вилоятҳои саноатии Қазоқистон бо фаъолияти теъдоде аз корхонаҳои бузурги ин кишвар ошно шуд.

Яке аз муҳимтарин мавзӯи музокироти Шералӣ Кабир бо мақомоти Қазоқистон роҳандозии хати тавлиди камазҳо ва мошинҳои сабукрави “КИА” ва тракторҳо дар Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин дар дидори вазирони саноати Тоҷикистон ва Қазоқистон, мавзӯи таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармоягузории тарафи Қазоқистон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар сафар ба Қазоқистон аз чанд минтақаи озоди иқтисодии ин кишвар низ дидан кард.

 

Бештар бихонед: