Тавзеҳи далели афзоиши бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 28 Mar 2021 16:30:30 GMT )
Март 28, 2021 21:30 Asia/Dushanbe
  • Дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон мавридҳои худдории волидайн аз тазриқи ваксинаи фалаҷи атфол ба мушоҳида мерасад
    Дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон мавридҳои худдории волидайн аз тазриқи ваксинаи фалаҷи атфол ба мушоҳида мерасад

Мақоми масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон далели афзоиши бемории фалаҷи атфол дар ин кишварро ваксина назадани бамавқеи кӯдакон номид.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Наврӯз Ҷаъфаров аз мақомоти масъули ин вазорат гуфтааст, ки сабаби афзоиши ин беморӣ дар Тоҷикистон бамавқеъ тазриқ нашудани ваксинаи фалаҷи атфол мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз сабти ду маврид аз ин беморӣ дар вилояти Хатлон ва ду мавриди дигар дар ноҳияи Ҳисор, дар атрофи Душанбе хабар дода ва хостори иқдоми амалии мақомоти тандурустии Тоҷикистон дар ин замина шуд.

Наврӯз Ҷаъфаров таъкид кард: Муттаассифона, дар Тоҷикистон ва ба вижа манотиқи дурдасти ин кишвар мавридҳои худдории волидайн аз тазриқи ваксинаи фалаҷи атфол ба мушоҳида мерасад.

Дар мавориде ҳатто афроди бузургсоли хонаводаҳо монеи истифода аз ваксинаи фалаҷи атфол мешаванд, ки баъдан паёмади ногуворе барои ин кӯдакон ба бор меоварад.

Вай бар зарурати иҷрои дақиқи барномаи миллии тазриқи ваксинаи фалаҷи атфол ба кӯдакони Тоҷикистон шудааст, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар таҳия ва ироа шудааст.

 

Бештар бихонед: