Март 29, 2021 16:53 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Бисёр хушҳолам, фурсате пайдо шуд то барои иҷлоси “Қалби Осиё” ва як сафари дуҷониба ба кишвари дӯсти Тоҷикистон сафар кунам
    Зариф: Бисёр хушҳолам, фурсате пайдо шуд то барои иҷлоси “Қалби Осиё” ва як сафари дуҷониба ба кишвари дӯсти Тоҷикистон сафар кунам

Вазири умури хориҷаи Эрон дар пойтахти Тоҷикистон гуфт, ҳадафи Эрон барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргирӣ  дар Афғонистон аст.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки шомгоҳи якшанбе барои ширкат дар конфронси “Қалби Осиё” ба Тоҷикистон рафтааст, дар бораи сулҳи Афғонистон гуфт: «Ҳадафи Эрон барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргириҳо дар Афғонистон аст».

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар лаҳзаи вуруд дар бораи барномаи сафараш ба Душанбе гуфт: «Бисёр хушҳолам, фурсате пайдо шуд то барои иҷлоси “Қалби Осиё” ва як сафари дуҷониба ба кишвари дӯст, ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамкеши Тоҷикистон сафар кунам ва бо мақомоти Тоҷикистон ва дигар кишварҳо талоши муштарак кунем то битавонем ба бародарону хоҳарони худ дар Афғонистон, ки он ҳам кишваре ҳамкеш, ҳамзабон ва ҳамсоя аст, барои барқарории сулҳи пойдор ва поёни даргириҳо кумак кунем».

Вай дар сафари дурӯза ба шаҳри Душанбе дар бораи равобити ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон низ бо мақомоти Душанбе гуфтугӯ хоҳад кард.

Вай бо ишора ба барномаи дидору музокироти худ бо мақомоти олии Тоҷикистон низ изҳор дошт: «Равобити Эрон ва Тоҷикистон равобити дерина ва бародарона аст, умедворам ин сафар битавонад барои тақвияту густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи заминаҳо саҳми хубе ифо кунад».

15 кишвари узви “Қалби Осиё”, шомили Ҷумҳурии исломии Эрон,Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Чин, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон, Туркия, Озарбойҷон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд.

Ҳамчунин Амрико, Австралия, Канада, Дания, Миср, Фаронса, Финландия, Олмон, Ироқ, Италия, Ҷопон, Норвегия, Полша, Испания, Шветсия ва Англия ҳам кишварҳои ҳомии “Қалби Осиё” ба шумор мераванд.

Конфронси “Қалби Осиё” аз соли 2011 то 2019 дар Истанбул, Кобул, Алмаато, Пекин, Исломобод ва Бокӯ баргузор шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп