Март 30, 2021 12:38 Asia/Dushanbe
  • Умедвории Ашраф Ғанӣ барои фаъолият пас аз хатми раёсатҷумҳурӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
    Умедвории Ашраф Ғанӣ барои фаъолият пас аз хатми раёсатҷумҳурӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Афғонистон ибрози умедворӣ кард, ки пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба тадрис машғул шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз сомонаи Спутник, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пас аз дарёфти дараҷаи доктории ифтихории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар дидор бо устодон ва донишҷӯёни ин маркази илмӣ эълом кард, ки алоқаманд ба тадрис дар ин донишгоҳ мебошад  ва умедвор аст пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш дар Афғонистон, ин орзуяш бароварда шавад. 

Вай гуфтааст, ки 10 сол ба унвони муаллим фаъолият карда ва алоқаи зиёде ба тадрис дорад ва акнун бо дарёфти дараҷаи доктории ифтихории Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон умедвор мебошад, ки пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба Тоҷикистон биёяд  ва дар маркази илмӣ фаъолият кунад. 

Вай аз ин ки  147 донишҷӯи Афғонистони  дар аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт, ки имрӯз дар маҷмӯъ 500 донишҷӯи афғон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон илмҳои гуногунро меомӯзанд.

Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Тоҷикистонро барои муносибатҳои самимона ва дӯстонааш бо донишҷӯёни афғон ҳамчун бародарону хоҳарони худ ситоиш ва сипосгузорӣ кард.

Нӯҳумин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви "Қалби Осиё" оид ба Афғонистон рӯзи сешанбе (30 март) дар Душанбе бо суханронии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои афғони ӯ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфт.
  
  
  Бештар бихонед :

Барчасп