Апрел 03, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Бобозода: Гирифтани кӯмаки молиявӣ аз хориҷ барои афроде, ки ба ҷурми терроризм маҳкум шудаанд, мамнӯъ аст
    Бобозода: Гирифтани кӯмаки молиявӣ аз хориҷ барои афроде, ки ба ҷурми терроризм маҳкум шудаанд, мамнӯъ аст

Дархости хонаводаҳои зиндониёни узви Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ барои дарёфти кумаки молӣ аз бастагони дар хориҷ аз Тоҷикистон бо мухолифати Созмони давлатии дифоъ аз ҳуқуқи башари ин кишвар рӯ ба рӯ шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл  азсомонаи Топ Тиҷӣ, умеди  масъули Созмони давлатии дифо аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар посух ба дархости кутубии теъдоде аз ҳамсарони аъзои  аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар зиндон басар мебаранд гуфтааст, ки дарёфти кумаки молӣ аз хориҷ барои афроде, ки ба ҷурми тероризм маҳкум шудаанд, мамнӯъ аст. 

 Ҳамчунин эълом шудааст, ки бастагони ин афрод дар хориҷ аз Тоҷикистон низ ба иттиҳоми тероризм  таҳти таъқиби қазоӣ буда ва ҳақ надоранд ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон кумак кунанд. 

Чанд рӯз қабл ҳамсарони Муҳаммад  Алии Ҳаят, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва Зубайдулло Розиқ аъзои зиндонии Ҳизби мамнӯаи Наҳзати исломӣ бо ирсоли номае ба масъули Созмони дифо аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз вай дархост карда буданд, ки барои дарёфти кумаки молӣ аз бастагоншон дар хориҷ аз кишвар ҳамкорӣ кунад. 

Бештар аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар чорчӯби парвандаи кудетои  генерал Абдулҳалим Назарзода муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба иттиҳоми иртиботи ҳизби наҳзат бо ин кудето ба зиндон маҳкум шуданд. 

Аммо масъулони ин ҳизб  иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин кудеторо ҳамвора рад кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп