Апрел 03, 2021 17:29 Asia/Dushanbe
  • Дар дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Кореяи ҷанубӣ дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд
    Дар дидори раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси Кореяи ҷанубӣ дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд

Раиси Маҷлиси миллии Кореяи ҷанубӣ дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯр дидор кард.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Пак Бён Сок -раиси Маҷлиси миллии Кореяи ҷанубӣ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон муҳимтарин мавзӯъоти ҳамкории ду кишвар аз ҷумла густариши равобити байни порлумонҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

 Ду тараф ҳамчунин дар бораи вазъияти феълӣ ва дурнамои ҳамкории Сеул - Душанбе дар заминаҳои мутақобили судманди сиёсӣ,тиҷорӣ, иқтисодӣ,саноъатӣ,илмӣ,фаннӣ,фарҳангӣ ва башардӯстона ройзанӣ карданд .

  Ҳамчунин дар ин дидор ду тараф ҳамкорӣ дар заминаи амниятӣ, вазъияти сиёсӣ ва сулҳи Афғонистонро баррасӣ ва дар бораи муқобила бо таҳдиду чолишҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ табодули назар карданд .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп