Апрел 03, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Ширин  Амонзода ҳамзамон бо овозаҳо  дар бораи вогузории Ворух ба Қирғизистон ба ин ноҳия сафар мекунад
    Ширин Амонзода ҳамзамон бо овозаҳо дар бораи вогузории Ворух ба Қирғизистон ба ин ноҳия сафар мекунад

Вазири вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар остонаи боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара ба ин минтақа сафар кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ҳадафи сафари хонуми Ширин Амонзода ба минтақаи Ворух арзёбӣ ва ифтитоҳи чанд тарҳи тавлидӣ ва роҳандозии марказҳои омӯзишӣ аз ҷумла дӯзандагӣ, ширинипазӣ,кафшергарӣ ва барқкашӣ ба ҷавонон унвон шудааст .

 Омӯзиши бархе аз тахассусҳо барои фиристодани коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия муҳим эълом шудааст .

   Бо ин ҳол ҳамзамон шудани сафари хонуми Амонзода ба Ворух бо шиддат ёфтани кашмакашҳои лафзӣ миёни вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи вогузории ин минтақа ба кишвари ҳамсоя ва оғози размоиши низомии артиши Қирғизистон бо ҳузури раиси ҷумҳӯрии ин кишвар дар марзи Тоҷикистон тавваҷуҳи афкори умумиро ба худ ҷалб кардааст .

   Дар рӯзҳои ахир овозаи вогузории минтақаи 30 ҳазор нафарии Ворух дар ноҳияи Исфара ба тарафи қирғиз дар баробари дарёфти 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканд ба ҷидоли лафзии миёни Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон ва генерал Қамчибек Тошиев-раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон анҷомид ва мавзӯъ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии минтақа низ кашида шуд.

    Зарифӣ таъкид кардааст ки Ворух ҷузви ҷудоинопазири Тоҷикистон аст ва таҳти ҳеч шароите ба Қирғизистон вогузор нахоҳад шуд .

   Тошиев ҳам гуфта ки ин танҳо як пешниҳод буда ки дар музокироти ахир ба тарафи Тоҷикистон ироа шудааст.

    Гуфта мешавад ки Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳангоми боздид аз вилояти Суғд ба минтақаи Ворух низ сафар ва бо сокинони ин минтақа дидор хоҳад кард.

 

      Бештар бихонед :

 

Барчасп