Гузориши хилофи воқеи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи Тоҷикистон
(last modified Sun, 04 Apr 2021 16:08:39 GMT )
Апрел 04, 2021 21:08 Asia/Dushanbe
  • Гузориши хилофи воқеи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи Тоҷикистон
    Гузориши хилофи воқеи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи Тоҷикистон

Коршиноси аршади улуми сиёсӣ гуфт: Гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико дар мавриди нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хилофи воқеъ аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Фирӯз Рамазон гуфт: Гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико хилофи воқеъ ва бар асоси иттилоот нодуруст аст. 

Ӯ илова кард: Гузориши вижаи Вазорати умури хориҷаи Амрико бар асоси гузоришҳои матбуотӣ ва иттилооти нодуруст дар бораи кишвар аст. 

 

 Дар ин гузориши интихоботи порлумонии моҳи март ва интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи октябр дар Тоҷикистон "муғойир бо қавонини байналмилалӣ " эълом шудааст. 

Ин коршиноси улуми сиёсии Тоҷикистон гуфт: Мақомоти Амрико пас аз баргузории корзори интихоботии пурҳошияи раёсати ҷумҳурӣ дар кишварашон дигар набояд  дар мавриди " стандартҳои байналмилалӣ"-и интихобот сӯҳбат кунанд.

Рамазон идома дод: " Дахолати Амрико дар сиёсати дохилии кишварҳои дигари худ " нақзи ҳанҷорҳои байналмилалӣ " аст. Ба гуфтаи ин коршиноси улуми сиёсӣ, ҳар ду интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон шаффоф, демократӣ ва аз ҳама муҳимтар дар фазои босубот баргузор шуд ва ин мавзӯро нозирони байналмилалӣ низ таъйид карданд. 

 Коршиноси маркази мутолиъоти роҳбурдии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор кард: Ҳанӯз мардуми дунё ба ёд доранд, ки чӣ гуна мӯътаризин ва тарафдорони Доналд Трамп пас аз эъломи натиҷаи интихоботи Амрико конгрессро тасарруф карданд. 
 

  Рамазон гуфт: Дар Амрико интихобот бо санг, чӯб ва сӯзондани сохтмон ба поён расид, акнун худи мардум бояд қазоват кунанд, ки кадом интихобот "ҳанҷорҳои байналмллиро нақз кардааст. Ин коршиноси улуми сиёсӣ дар идома нуктаи дигареро дар гузориши ҳуқуқи башари Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи коҳиш наёфтани шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро ба чолиш кашид ва таъкид кард оё дар Амрико шиканҷа коҳиш ёфтааст? Солҳост, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз бадтарин зиндони ҷаҳон, Гуантанамо сӯҳбат мекунад, ҷое ки бадтарин шиканҷаи зиндониён муҷоз асту мутаъасифона, ҳатто яке аз ваъдаҳои пеш аз интихоботи Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико мабни бар бастани ин зиндон ҳам муҳаққиқ нашуд. 

Дар поён, Фирӯз Рамазон ба нависандагон тавсия кард, ки авзои дохилии Амрикоро таҷзия ва таҳлил кунанд ва дар сиёсати кишварҳои сулҳомез дахолат накунанд.  

 

Бештар бихонед: