Оғози фаъолияти маркази таълими техникӣ ва касбӣ дар Ворух
(last modified Mon, 05 Apr 2021 15:36:48 GMT )
Апрел 05, 2021 20:36 Asia/Dushanbe
  • Ин марказ барои таълими ҷавонон пеш аз фиристодани онҳо ба Русия фаъолият хоҳад кард
    Ин марказ барои таълими ҷавонон пеш аз фиристодани онҳо ба Русия фаъолият хоҳад кард

Дар минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара маркази ройгони омӯзиши техникӣ ва касбӣ ифтитоҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин марказ бо ҳадафи омӯзиши ҷавонони маҳаллӣ қабл аз эъзоми онон ба Русия фаъолият хоҳад кард. 

Ин марказ барои духтарони маҳаллӣ курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодӣ ва курсҳои ройгони омӯзиши барқ, кафшер ва сантехникиро барои писарбачаҳои хурд, ки мувофиқи эҳтиёҷоти ширкатҳои русӣ дар Русия ба кор қабул карда мешаванд, пешниҳод менамояд.

Ин марказ ҳамзамон бо сафари ахири вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон Ширин Амонзодаи ва муовинони ӯ ба минтақаи Ворух ифтитоҳ шудааст. 

Ҳамзамон бо шиддат ёфтан муҷодлоти лафзӣ миёни вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон бо раиси Комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи вогузории минтақаи Ворух ба кишвари ҳамсоя, вазири кор ва муовинонаш, шаҳрдори Хуҷанд, раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва дигари мақомоти Тоҷикистон ба ин минтақа сафар карданд, ки ин мавзӯ  тавваҷӯҳи афкори умумиро ба худ ҷалб кардааст.

 Гуфта мешавад, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар рӯзҳои наздик ҳангоми боздид аз вилояти Суғд ба минтақаи Ворух низ сафар ва бо сокинони ин минтақа дидор хоҳад кард. 
  
Дар рӯзҳои ахир пешниҳоди мақомоти қирғиз барои муовизаи минтақаи 30 ҳазорнафарии Ворухи Тоҷикистон бо 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканди Қирғизистон ба ҷидоли лафзӣ миёни вазири  умурхориҷаи собиқи Тоҷикистон Ҳамроҳхони Зарифӣ ва генерали Қомчибек Ташиев раиси Комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон мунҷар шуд. 

Зарифӣ таъкид кардааст, ки Ворух ҷузъи ҷудоинопазири Тоҷикистон аст ва дар ҳеч шароите ба Қирғизистон вогузор нахоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: