Апрел 06, 2021 21:21 Asia/Dushanbe
  • Бо иҷрои ин тарҳ имкони барқрасонӣ ба деҳоти марзии Тоҷикистон дар Хатлон ва Бадахшон фароҳам мешавад
    Бо иҷрои ин тарҳ имкони барқрасонӣ ба деҳоти марзии Тоҷикистон дар Хатлон ва Бадахшон фароҳам мешавад

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, барои марҳалаи дувуми тарҳи барқрасонӣ ба деҳоти дурдасти Тоҷикистон 10 миллион доллар кумаки ройгон ихтисос хоҳад дод.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, бо иҷрои ин тарҳ беш аз 4 ҳазор нафар аз сокинони деҳоти дурдасти вилоятҳои Хатлон ва кӯҳистони Бадахшон аз неъмати барқ баҳраманд хоҳанд шуд.

Ян Петер Олтерс, намояндаи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки аксари ин рустоҳо дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ шудаанд ва барқрасонӣ ба онҳо боиси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сохти марокизи дармонӣ ва омӯзишӣ, равнақи фаъолияти бозорчаҳои марзӣ ва иштиғолзоӣ хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки бо ин иқдом заминаи интиқоли барқ ба теъдоде аз рустоҳои Афғонистон низ фароҳам мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ барои марҳалаи нахусти рушди манотиқи марзии Тоҷикистон маблағи 31 миллиону 700 ҳазор доллар ихтисос дода буд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп