Апрел 07, 2021 11:26 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи федералии Красноярск  омодагии худро барои пардохти нисфи маблағи ҳазинаи билети донишҷӯёни  соли аввали тоҷикро эълон кард
    Донишгоҳи федералии Красноярск омодагии худро барои пардохти нисфи маблағи ҳазинаи билети донишҷӯёни соли аввали тоҷикро эълон кард

Раёсати Донишгоҳи давлатии федерали Русия дар шаҳри Красноярски минтақаи Сибир эълом кард, ки омода аст 50 дарсад аз ҳазинаи билети ҳавопаймои донишҷӯёни соли аввали тоҷикро, ки рӯзи 15 апрел бо парвози чартерии ширкати Урал вориди ин шаҳр мешаванд, бипардозад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик,   намояндаи Донишгоҳи давлатии Красноярск дар Тоҷикистон Акмал Ҷумаев гуфтааст, ки донишҷӯёни тоҷик ба далели густариши вируси корона дар соли 2020 натавонистанд худро ба ин донишгоҳ расонанд, аммо акнун заминаи сафари онон фароҳам шудааст. 

Вай гуфт: «Ин донишҷӯён барои ҳазинаи билети ҳавопаймо 5 ҳазору 500 то 6 ҳазор сомонӣ пардохт кардаанд, ки 50 дарсади ин маблағро донишгоҳ ҷуброн мекунад ва дар буҷети донишгоҳ ин банд вуҷуд дорад. Аммо онон бояд ду бор озмоиши надоштани вируси корона бидиҳанд, ки яке қабл аз парвозу дувумӣ ба маҳзи расидан ба шаҳри Красноярск анҷом мешавад.» 
  

Ҷумаев ҳамчунин гуфтааст, ки ин донишҷӯён барои итминони комил аз надоштани Ковиди 19, се рӯз карантин мешаванд. 

Ахиран  нахуствазири Русия Михаил Мишустин дархости вазорати улум ва таҳсилоти олии ин кишварро дар бораи судури муҷаввизи вуруди донишҷӯёни хориҷӣ имзо кард, ки тоҷикҳо низ шомили ин муқаррарот мешаванд. 

  
 Гуфта мешавад, ки наздик ба 10 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар як соли ахир мунтазири судури ин муҷаввиз буданд ва акнун бояд худро ба Русия расонанд. 

Донишҷӯёни хориҷӣ 10 рӯз қабл аз сафар бояд ба сурати интерентӣ донишгоҳи маҳалли таҳсили худро аз торихи вурудшон ба Русия огоҳ кунанд. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп