Апрел 08, 2021 09:16 Asia/Dushanbe
  • Дзюдочии тоҷик дар чемпионати Осиё нуқра ба даст овард
    Дзюдочии тоҷик дар чемпионати Осиё нуқра ба даст овард

Сомон Муҳаммадбеков дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медали нуқраи чемпионати Осиё ва Уқёнуси Оромро ба даст овард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз комитети миллии олимпӣ, ки Тоҷикистон, дар дувумин рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад, дзюдочии тоҷик Сомон Муҳаммадбеков  дар вазни 73 килограм се ҳарифро шикаст дод ва дар мусобиқаи ниҳоӣ ҳам натавонист аз сади  Чангримро дар Кореяи Ҷанубӣ убур карда, ба медали нуқраи мусобиқа бирасад.

Сомони Муҳаммадбеков дар даври аввал бо Аёш Аҳмад, намояндаи Яман мубориза кард ва пирӯз шуд. 

 Дар марҳалаи дувум низ тавонист Муҳаммадӣ дзюдочии эрпонӣро шикаст диҳад ва ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ суъуд кунад, дар нимаи ниҳоӣ, варзишкори тоҷик бо Жанса Смаголови қаззоқ дорандаи нишони тиллоии мусобиқоти қаҳрамонии Тунис - 2018 мубориза кард ва тавонист бо ғалаба бар ӯ ба финали мусобиқот роҳ пайдо кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп