Дурахшиши намояндагони Эрон дар мусобиқоти байналмилалии роботик
Март 29, 2025 13:50 Asia/Dushanbe
Порс Тудей- Тими донишомӯзии Эрон унвони ноибқаҳрамонии мусобиқоти роботики Осиёро аз они худ кард.
Мусобиқоти работики Осиё бо ҳузури кишварҳои мухталифи осиёӣ дар Қазоқистон дар ҳоли баргузорист.
Ба гузориши Порс тудей, гуруҳи 9 нафараи донишомӯзии Эрон рӯзи ҷумъа дар рӯзи аввали ин мусобиқот тавонист дар Лигаи чолиши тарроҳии намуна ба мақоми ноибқаҳрамонии Осиё бирасад.
Дар ин мусобиқот Ҳинд ҷойгоҳи нахустро касб кард.
Касби чаҳор медоли тилло ва нуқра
Хабари дигар инки тимҳои нухбаи эронӣ дар 28- умин давраи мусобиқоти муътабари ихтирооти Архимеди Русия хуш дурахшиданд ва бо касби ҷому тандис тими бартар, медоли вижаи WIIPA, ду медоли тилло ва ду медоли нуқра касб карданд.
Барчасп