Апрел 08, 2021 14:05 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи мақомоти сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон дар бораи барномаи парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ
    Тавзеҳи мақомоти сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон дар бораи барномаи парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ

Мақомоти сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон дар бораи барномаи парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ тавзеҳ дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, мақомоти сафоратхонахои Русия дар Тоҷикстон бо судури иттилоъияе  барномаи парвозҳои рафту баргаштӣ байни Душанбе - Маскавро тавзеҳ доданд. 

 Дар ин иттилоия таъкид шудааст барои афроде, ки бо парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии Сомон Эйр ва Ютэйри Русия ҳар ҳафта аз Душанбе ба Маскав сафар мекунанд, маҳдудияте вуҷуд надорад. 

Аммо барои мусофироне, ки мехоҳанд аз ҳавопаймоҳои парвозҳои чартерӣ ( вижа ) барои сафар истифода кунанд маҳдудият дар назар гирифта шудааст. 

Мақомоти сафоратхонахои Русия эълом карданд фақат коргарони муҳоҷире, ки дар феҳрасти вазорати кори Русия сабти ном карданд, мутахассисони ширкатҳои русӣ ва аъзои хонаводаҳои онон, бемороне, ки барои дармон ба Русия сафар мекунанд ва ақвоми наздики атбоъи тоҷики дорои тобеъияти русӣ метавонанд аз парвозҳои чартерӣ барои сафар истифода кунанд. 

 

Ироаи баргаи саломат ( тести манфии корона ) бо 72 соати эътибор ба забони русӣ ва истифода аз ниқоб ва дасткаш барои мусофирон низ илзомиаст.

Нархи билет барои ҳар нафар аз Душанбе ба Маскав 300 евро ( муодили 4 ҳазору 51  сомонӣ ) ва дар масири баргашт ба далели кам будани мусофир 30 евро ( муодили ҳазору 794  сомонӣ ) таъин шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп